Муаллифи таронаи эътирозӣ дар Эрон афв шудааст

Таронаи Шервин Ҳоҷипур ба шиори эътирозгарон табдил шуда буд

Шервин Ҳоҷипур, муаллифи таронаи эътирозии "Зан, зиндагӣ, озодӣ" хабар дод, ки ӯро афв кардаанд. Ҳоҷипур моҳи марти имсол ба се солу ҳашт моҳ ҳабс маҳкум шуда буд.

Ин овозхони эронӣ рӯзи 23-юми сентябр бо пахши видео дар саҳифаи инстаграмаш гуфт, "парвандаи ӯ баста шуд ва ӯро афв карданд." Шервин Ҳоҷипур дар ин видео ҳамчунин умедворӣ кард, ки ҳамсолони ӯ метавонанд "ба таври шоиста зиндагӣ кунанд."

Таронаи Шервин Ҳоҷипур ба шиори эътирозгарони ҳиҷоби маҷбурӣ дар соли 2022 табдил шуд ва ӯро ба ҷоизаи байнулмилалии мусиқии Grammy расонд. Додгоҳе дар Эрон моҳи марти 2024 ба "таблиғ алайҳи низом" ва "иғво ва таҳрики мардум ба беназмӣ барои ба ҳам задани амният" гунаҳкор донист. Вайро ҳамзамон ба навиштани таронаи танқидӣ ба зидди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор карданд.