Додгоҳи Самарқанд 10-уми сентябр ин блогерро бо иттиҳоми “авбошӣ ва таҳқир” ба 2,5 миллион сом (ҳудуди 200 доллар) ҷарима ва 10 рӯз аз озодӣ маҳрум карда буд. Наздиконаш гуфта буданд, Баҳодур Ҳасановро ба хотири фаъолиятҳои блогериаш таъқиб кардаанд.
Пайвандони Ҳасанов рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъди сипарӣ шудани ҳукми додгоҳ озод шуда, ба хона баргаштааст.
Як рӯз пеш аз боздошт, Баҳодур Ҳасанов дар саҳифаи фейсбукиаш гуфт, пулис ӯро барои нашри видеои шикояти як сокини Самарқанд таъқиб дорад.
Ҷаҳонгир Сагдуллаев, сухангӯи пулиси вилояти Самарқанд гуфта буд, Ҳасанов бар асоси шикояти як зан боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми наворбардорӣ зане аз блогер талаб кардааст, ки дар ҷои ҷамъиятӣ навор нагирад, вале дар посух Ҳасанов занро таҳқир кардааст.
Баҳодур Ҳасанов, писари рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода буда, се фарзанд дорад. Ӯ дар гузашта дар нашрияи “Овози Самарқанд” кор мекард ва чанд соли ахир ҳамчун рӯзноманигори озод ва блогер фаъолият дорад.
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти иҷтимоӣ ва маишии сокинонро нашр карда, аз мақомот роҳи ҳали онҳоро талаб мекунад.