Дар Душанбе як донишҷӯ устодашро латукӯб кардааст

Назари Беҳзод Назаров ба иттиҳом маълум нест

Пулиси Душанбе як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратро бо иттиҳоми авбошӣ ва латукӯби омӯзгор боздошт кардааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 23-юми сентябр дар хабарномае навишт, Беҳзод Назаров, донишҷӯи соли 2-юм “дар дохили синфхона омӯзгори фанни "Этика ва эстетика" Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст.”

Назари ин донишҷӯ ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ҷанҷол миёни донишҷӯ ва устоди донишгоҳ бар сари чӣ сар задааст.

Мақомот гуфтанд, ҳодисаро тафтиш доранд.

Ин аввалин латукӯби омӯзгорон дар Тоҷикистон нест. Моҳи апрели имсол ду ҷавон дар шаҳри Бохтар барои задани як омӯзгори мактаб дастгир шуданд.