Сипоҳ иддао кард, ки 12 ҷосусро дастгир кардааст

Парчамҳои Эрон ва Исроил

Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон муддаӣ шуд, ки 12 узви як "шабакаи" вобаста ба Исроилро дар ин кишвар боздошт кардааст.

Сипоҳ рӯзи 22-юми сентябр бо пахши изҳороте гуфт, ин нафарон ният доштанд, "алайҳи мардум иқдомҳои тахрибкорона" анҷом диҳанд.

Аммо дар бораи бораи нафарони боздоштшуда ва барномаҳои онҳо ҷузъиёти бештар нашр нашудааст. Дар баёнияи Сипоҳи посдорон танҳо ба амалиётҳои ахири Исроил дар Ғазза ва Лубнон ишора шудааст.

Сипоҳ иддао кардааст, ки Исроил ва ҳомиёни он талош доранд, буҳрон ба дохили хоки Ҷумҳурии исломии Эрон сироят кунад.

Хабаргузории "Ройтерс" низ бо пӯшиши баёнияи Сипоҳи посдорон навиштааст, таркиши пейҷер ё дастгоҳҳои бесим, ки аъзоёни Ҳизбуллоҳи Лубнон истифода мекарданд, танишро дар Ховари Миёна боло бурд. Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ медонад.