Хабаргузории давлатии «Ховар» рӯзи 22-уми сентябр хабар дод, ки намояндагони ду кишвар рӯзи 4-уми октябр дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ин масоил дар Душанбе гуфтугу мекунанд. Ба қавли хабаргузорӣ, дар бораи нишасти оянда ҳангоми мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Сергей Сивилёв - вазири энержии Русия дар рӯзи 20-уми сентябр суҳбат шудааст.
Ду тараф аз ҷумла дар бораи фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сӯҳбат кардаанд, ки бо сармояи Русия сохта шудааст ва молики асосиаш ҳамин кишвар мебошад. Нерӯгоҳи мазкур, ки соли 2009 мавриди баҳрабардории комил қарор гирифт, 11 дар сад аз эҳтиёҷи Тоҷикистон бо нерӯи барқро таъмин мекунад, солҳост аз напардохтани ҳаққи барқи нерӯи барқ шикоят мекунад. «Сангтӯда-1» моҳи августи ҳамин сол гуфт, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи мазкур бештар аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва ё 300 миллион доллар қарздор аст.
Айни замон «Сангтӯда-1» ҳам натавонистааст, ба буҷаи Тоҷикистон бештар аз 245 миллион сомонӣ молиёт ва ё андоз супорад ва ба яке аз қарздорони бузурги ҳукумат табдил шудааст. Зоҳиран масъалаи мазкур яке аз мавзуъҳои нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия хоҳад буд. Русия яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ аз моҳи январ то моҳи майи имсол табодули мол байни ду тараф бо арзиши бештар аз 820 миллион доллар будааст.
Нишасти комиссияи байниҳукуматӣ, ки вазирон шомили он мешаванд, баъд аз 6 моҳи ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус дар канори Маскав сурат мегирад, ки мақомоти Русия дар он асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам кардаанд.
Аз ҷумла дар анҷоми ҳамлаи шубҳабарангез, ки гурӯҳи ДОИШ масъулияташро бар дӯш гирифт, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешаванд ва боздошти онҳо, ки бо латукӯбу бераҳмии зиёд ва ҳатто буридани гӯши яке сурат гирифт, хашми ҷомеаи Тоҷикистонро барангехт ва сабаб шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин ин масъаларо дар миён бигузорад.
Баъди ин ҳамла озору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки теъдодашон бино ба оморҳои гуногун бештар аз 1 миллион нафар зиёд шуд. Мақомоти интизомии Русия, ки ба тафтишу таҳқиқи фаъолияти муҳоҷирон пардохтанд, то кунун на камтар аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз он кишвар рондаанд.