Дар пайи ин рейд, дар маҷмӯъ, 520 нафар, аз ҷумла 417 шаҳрванди хориҷӣ дастгир шудаанд. Дар ин бора шӯъбаҳои Кумитаи тафтишоти вилояти Красноярск ва Ҷумҳурии Хакасия, ки ташкилкунандагони ин рейдҳо будаанд, хабар додаанд.
Дар байни дастгиршудагон шаҳрвандони Узбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буданд. Онҳо барои будубоши ғайриқонунӣ дастгир шудаанд. Дар шӯъбаи тафтишотии Красноярск гуфтанд, бештари боздоштшудаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҳадди ақал, 7 тани онҳо ихроҷ хоҳанд шуд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин моҳи августи соли 2024 қонун дар бораи қайди ҳатмии ҳарбӣ пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишварро имзо кард. Риоя накардани он асос барои маҳрум шудан аз шаҳрвандии Русия хоҳад шуд. Ин қонун асосан ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дахл дорад.