Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз соли 2019

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, 17-уми сентябр ба Қазоқистон меравад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст.

Нишасти роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ+Олмон, қарор аст дар шаҳри Остона баргузор шавад. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ҳам дар ин вохӯрӣ ширкат мекунад.

Созмони маъруфи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Шолтс хост, дар “сафари таърихиаш” ба Осиёи Марказӣ бо панҷ раҳбари минтақа дар бораи риояи ҳуқуқи инсон суҳбат кунад."