"Модар танҳо барои худаш таваллуд намекунад, падар ҳам бояд кумак кунад"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар нимаи аввали соли равон нисбати 65 мард дар вилояти Хатлон барои надодани кумакпулӣ ё алимент парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Баъзе аз ин мардҳо ҷарима ва чанд кас ҳам аз озодӣ маҳрум шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Бохтар пурсид, ки чаро мардон аз пардохти маблағи алимент худдорӣ мекунанд ва роҳи ҳалли масъала кадом аст?