Бар асари обхезии шадиди шаби 13-уми сентябр дар шарқи Руминия чор нафар кушта ва садҳо кас интизори ба ҷои амн кӯчидан мебошанд.
Вилоятҳои Глати ва Васлуйи вилояти Молдавияи Ғарбии ин кишвар дар ҳолати сангин қарор доранд ва мардуми зиёде осеб дидааст, бисёриҳо дар болои боми манзилашон талош доранд аз обхезӣ наҷот ёбанд.
Дар ин ду вилоят, ки дар баъзе ҷойҳо об то ба 3 метр баромадааст, бисёр роҳҳо баста шудаанд. Бориши беисти се рӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Чех, Австрия, Словакия ва дигар кишварҳои аврупоӣ боиси эҷоди ҳолати изтирорӣ шудааст.