Ба Истамой Раҳматова кӣ дасти ёрӣ дароз мекунад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба доди Истадойи фақиру муҳтоҷ кӣ мерасад?

Даҳ сол аст ин сокини Панҷакент дар шароити ваҳим зиндагӣ мекунад, вале касе надорад, ки ба кӯмакаш шитобад.

Хонаҳои қадимааш дар ҳолати садамавист ва ҷое барои зиндагии амну фароғ надорад. Ӯ тули ин солҳо ба мақомоти маҳаллии шаҳри Панҷакент то ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилаш муроҷиат карда, вале ҳалношуда боқӣ мондааст.

Мансабдорон дар номаҳои расмӣ барояш гуфтаанд, ки имкони сохтмони манзили зисташро надоранд. Як соҳибкори маҳаллӣ дасти кӯмак дароз карда, вале он ҳам мушкилро бартараф накард.