Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ҳамла ба корвони мошинҳои ин созмон дар Донетски Украинаро маҳкум кард. Дар натиҷаи ин ҳамла рӯзи 12-уми сентябр се корманди ин созмони имдодрасон ҳангоми тақсими ёриҳо дар минтақаи ҷангии Донетск кушта шуданд.
Дафтари президенти Украина гуфт, ки нирӯҳои Русия мошинҳои Салиби Сурхро ҳадаф қарор доданд ва дар натиҷаи он инчунин ду корманди ин созмон маҷрӯҳ гардиданд.
Владимир Зеленский инро “як ҷинояти дигари ҷангии Русия” номид. Миряна Сполярич, президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо нашри изҳороте ҳамла ба кормандони ин ниҳодро маҳкум намуд ва гуфт, ки се корманди ин созмон дар маконе кушта шуданд, ки қаблан ҳамчун нуқтаи тақсими ёриҳо таъин шуда буд.