Дар Олмон талаб доранд, ки назорат дар марз сахтар шавад

Дар Олмон бисёр сокинон гуфтаанд, ки тарафдори ҷорӣ шудани қоидаҳои сахттари назорат дар марз мебошанд. Чунин назарро сокинон дар як пурсиши афкори умуми пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии YouGov баён кардаанд.

Дар Олмон бисёр сокинон гуфтаанд, ки тарафдори ҷорӣ шудани қоидаҳои сахттари назорат дар марз мебошанд. Чунин назарро сокинон дар як пурсиши афкори умуми пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии YouGov баён кардаанд.

71 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, тарафдори инанд, ки ба хориҷиҳое, ки дар сарҳад аризаи паноҳандагӣ надода талаби гирифтани виза мекунанд ё аз ҳақи вуруд ба Олмон маҳрум шудаанд, виза дода нашавад.

Бар асоси ин пурсиш, 45 дарсади мардум гуфтаанд, ки ба хотири мудирияти дурусти ҷараёни муҳоҷират, назорат дар марз сахттар шавад.

82% гуфтаанд, ки шахсони бидуни ҳақи истодан дар Олмон бояд аз хоки ин кишвар ихроҷ шаванд.

Чанде пеш аз ин ВКД Олмон гуфт, ки дар сарҳадҳои ин кишвар бо давлатҳои дигари аврупоӣ полиси сайёрро ҷой медиҳанд, то ки аз мавҷи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Олмон пешгирӣ шавад.

Бар асоси омори расмӣ, аз 380 ҳазор ҳолати вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ба кишварҳои узви созишномаи Шенген, 266 ҳазор мавридаш ба Олмон рабт доштааст.

Муҳоҷирон аз Сурия, Туркия ва Афғонистон шумори бештарини муҳоҷирони ғайриқонуниро ташкил медиҳанд.