Нашрияи "Важные истории" дар ин бора бо истинод ба ҳомии ҳуқуқ Иван Асташин ва манбаъҳои огаҳ бо вазъи маҳбаси рақами 17 дар Мордовия хабар додааст.
Рӯзноманигорони нашрия бар инанд, ки “эҳтимол масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия мехоҳанд бо ин роҳ аз ҳолатҳои нави гаравгонгирӣ дар маҳбасҳои он кишвар пешгирӣ кунанд”.
Ба гуфтаи Асташин, як шаҳрванди Украина, ки қабл аз ҳамла ба он кишвар дар Русия зиндонӣ шуда буд, мехост боқии муҳлати ҷазои худро дар ватан адо кунад, вале ба дархостҳояш ҷавоби рад мегирифт. Чанд рӯз қабл масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия гуфтаанд, ки метавонад барои интиқол ба ватан дархост пешниҳод кунад.
Кормандони хадамот ва чандин зиндонӣ гуфтаанд, ки қарор шудааст, ҳамаи хориҷиҳоро ба хотири такрор нашудани ҳодисаҳои монанд дар боздоштгоҳи Ростов-на-Дону ва маҳбаси Волгоград ба кишварҳои худ фиристанд.
Чаҳор мард, ки дар наворҳо худро "муҷоҳид"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номида, дар даст корду путк доштанд, рӯзи 23-юми август дар зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро гаравгон гирифтанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт.
Ин дувумин гаравгонгирӣ дар зиндонҳои Русия дар тобистони имсол буд. Моҳи июн як гурӯҳ аз маҳбусон дар Боздоштгоҳи Ростови лаби Дон чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Русия он замон гуфта буданд, ки онҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Дар ин ҳодиса панҷ гаравгонгир кушта ва ду гаравгон захмӣ шуданд.