Вазорати маорифи Узбекистон ва Бунёди “Education Above All”-и Қатар дар бораи таҳсили бонувони афғонистонӣ дар бахши тиб созишномаеро ба имзо расондаанд.
Бар асоси ин созишнома, 160 бонуи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои тиббии Узбекистон таҳсил хоҳанд кард.
Қисми бештари харҷҳои ин тарҳро “Education Above All” пардохт мекунад.
Ин бунёд гуфтааст, барои таҳсил, ҷои зист ва харҷҳои дигари лозимии бонувони афғонистонӣ 2,2 миллион доллар ҷудо кардааст.