Баъди Русия мақомоти тоҷик аз шаҳрвандон хостанд ба Белорус нараванд

Паноҳҷӯе дар марзи Белорус ва Лаҳистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаанд, ки аз сафар ба Белорус муваққатан худдорӣ кунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Минск 10-уми сентябр хабар дод, ки назорат дар гузаргоҳҳои марзии Белорус пурзӯр шудааст ва барои ҳамин аз шаҳрвандон мехоҳанд аз сафар ба Белорус даст кашанд.

Рӯзи 10-уми сентябр Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам аз шаҳрвандон хоста буд, ки муваққатан ба ин кишвар наоянд. Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва Белорус ҷузъиёти бештар надодаанд, вале дар чанд моҳи ахир Русия ҳазорон тоҷикистониро ба ин кишвар роҳ надод ё ихроҷ кард. Белорус ҳам муттаҳиди асосии Русия аст.

Миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Белорус парвозҳои мустақим нестанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои гузашта аз Белорус бештар барои сафар ба Аврупо истифода мекарданд.