Ҳалокати 16 ҷангҷӯи Толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои Покистон

Акс аз бойгонӣ.

Расонаҳои покистонӣ ба нақл аз манбаъҳои худ навиштаанд, ки 16 ҷангҷӯи Толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои ин кишвар кушта шудаанд.

Ба навиштаи ин манбаъҳо, ҳамчунин 27 нафари дигар дар ин даргириҳо захм бардоштаанд. Толибон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Рӯзномаи покистонии Express Tribune бо такя ба манбаъҳои худ гузориш додааст, ки ин даргириҳо дар минтақаи Зозимайдон дар марзи Покистон ва Афғонистон дар вилояти Хуст рух додааст.

Тибқи гузоришҳо, ду тонки Толибон низ дар ин даргириҳо аз байн бурда шудааст.

Ба навиштаи ин расона, нерӯҳои покистонӣ пас аз ҳамлаи ҷанҷӯёни Толибон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар вокуниш нишон дода ва дар натиҷа даргирии сахте миёни ду тараф оғоз шуд.

Тибқи ин гузориш, даргириҳо аз рӯзи шанбе то душанбеи ҳамин ҳафта рух додааст.

Қаблан бархе расонаҳои покистонӣ навишта буданд, ки дар ин даргирӣ ду фармондеҳи Толибон кушта шуданд.

Толибон ба таври расмӣ то ба ҳол дар мавриди ин ҳодиса ва кушта шудани афродашон хабаре нашр накардаанд.