Ӯро ворисии аслии падараш медонанд, аммо ба назари коршиносон дар оилаи президент эҳтимол хоҳишмандони дигар ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ба ба курсии президентӣ такя зананд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон соли гузашта бо тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳақ пайдо кард то 14 соли дигар сари қудрат бимонад.
Мунаққидон мегӯянд, Мирзиёеви худкома шояд мехоҳад қудратро барои даҳсолаҳои дигар нигаҳ дошта, роҳро барои духтари 39-солаи худ Саида Мирзиёева ҳамвор кунад.
Саида Мирзиёева, яке аз ду духтари президенти Узбекистон моҳи апрели соли 2019 ба ҳайси муовини Оҷонсии иттилоот ва мухобирот вориди ҳукумат шуд. Дар пай ӯ ба таври автоматӣ ёвари мушовири президент шуд.
Бо вуҷуди онки Саида Мирзиёева таҷрибаи кор дар сиёсатро надошт, вале хеле босуръат ба мансабҳои болоӣ роҳ ёфта, соли 2023 ёрдамчии аввали раисиҷумҳур таъин шуд. Ба ин тартиб Мирзиёева пас аз раҳбари давлат шахси дуввуми муҳим дар ҳукумат шуд.
"Барои карйераи Мирзиёева ин як парвози баланд буд. Як шахси аслан ношинос якбора мақоми дуввуми муҳимро дар Узбекистон соҳиб шуд," – гуфт хабарнигори мустақили узбек Ҷаҳонгир Муҳаммад.
Саида Мирзиёева яке аз сиёсатмадорони машҳури Узбекистон шуд. Вай пайваста дар мулоқотҳои расмӣ ширкат ва ҳайатҳои хориҷиро истиқбол мекунад, ба сафари минтақавӣ мебарояд ва кишварро дар хориҷ намояндагӣ мекунад.
Моҳи август Мирзиёева ба Қазоқистони ҳамсоя сафар ва то омадани падараш бо президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев мулоқоти расмӣ дошт.
Коршиносон мегӯянд, болоравии нуфузи Саида Мирзиёева ба ин маъност, ки президенти Узбекистон дар идораи давлат бештар ба хонаводааш такя мекунад. Ин ҳамчунин як далели он аст, ки президент духтарашро ба мансаби баландтарин дар кишвар омода мекунад.
Нигаҳ доштани қудрат аз сӯйи Шавкат Мирзиёев, кафолате барои аъзои оилаи ӯ хоҳад буд. Зеро аксари онҳо пас аз расидани ӯ ба маснади президентӣ дар соли 2016, тавонистанд молу сарвати зиёде ҷамъоварӣ кунанд.
Ба андешаи коршиносони масоили сиёсӣ, эҳтимол Мирзиёев аз пайи Туркманистон хоҳад рафт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар курсии президентиро ба писараш Сардор дод. То расидан ба ин мақом Сардор Бердимуҳаммадов дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият кард.
"Узбекистон, ин диктотура аст, ки онҷо ҳукумат ва ҳама чиро хонаводаи аввал идора мекунанд. Қариб тамоми хешовандони Мирзиёев дар сари мансаб ҳастанд. Ё дар вазоратҳо ё ниҳодҳои дигари давлатӣ кор мекунанд. Хонавода ҳамчунин Хадамоти амният ва тиҷоратро зери даст доранд," – мегӯяд, Алишер Таксанов, собиқ дипломати узбек.
Мирзиёев, ки худро ислоҳотгар меномад, дар оғози ҳукуматаш ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказиро боз кард ва муносибаташ бо ҳамсояҳоро ҳам беҳтар намуд. Вай аксар зиндониёни сиёсиро озод ва кори кӯдакон дар майдонҳои пахтазор манъ намуд. Вале бо ин ҳама ӯ амалан ислоҳоти демократӣ нагузаронд.
Узбекистон, кишваре бо 37 миллион аҳолӣ дар дохили кишвар мухолифи сиёсӣ ва расонаҳои мустақил надорад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумат бераҳмона ба дигарандешон ва озодии баён зарба мезанад.
Бино ба пешбинии дипломати пешини узбек Алишер Таксанов, дар шароити феълии Узбекистон интиқоли қудрат аз падар ба духтар метавонад бе ягон мухолифати ҷиддӣ ё норозигии мардум сурат гирад.
"Мирзиёев эълон мекунад, ки "барои шумо ворис омода кардаам." Ва мардум онро қабул кардаву ба вориси нав овоз медиҳанд," - гуфт дипломати собиқи узбек.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, қароргоҳаш дар Фаронса бар ин аст, ки кори Мирзиёева дар ҳукумат ин омодагии ӯ барои расидан ба мақоми президентӣ аст.
"Навори охир далели он аст, ки Саида Мирзиёева худро дар минбар ва назди одамон хеле бо эътимод ҳис мекунад. Фаъолияти ӯ дар вазифаҳои давлатӣ одамро ба фикри он мебарад, ки ӯ ба як парвози баланди касбӣ омодагӣ мебинад. Мирзиёева аз ҳар мансабдори дигар дар ҳайати ҳукумат салоҳияти бештар дорад."
"Боз як номзади дигар"
Вале на ҳама бовар доранд, ки роҳи Саида Мирзиёева ба мақоми президентӣ тавре пешбинӣ мешавад ҳамвор хоҳад буд
Алишер Илҳомов, раҳбари маркази таҳқиқотии Central Asia Due Diligence дар Лондон, аз як номзади дигари бонуфуз ба курсии президентии Узбекистон пас аз Мирзиёев ном мебарад. Ин номзад Отабек Умаров муҳофизи шахсии президент ва домоди ӯ, шавҳари духтари хурдии президент Шаҳноза аст.
"Отабек Умаров, муовини раҳбари Хадамоти давлатии амният "фишангҳои таъсиррасонии худро дорад. Вай бо президент наздик аст ва ӯро дар сафару мулоқотҳо ҳамроҳӣ мекунад," - гуфт Илҳомов.
Таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум кард, ки Умарови 40- сола, бо истифода аз пайванди хешутаборӣ сарвати зиёде ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин байни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар миёнрав аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Домоди президент бо миллионҳо доллар маҷмааи "махфӣ" месозадБа гуфтаи Алишер Илҳомов, Умаров бештар чун муҳофизи шахсии президент фаъолият мекунад, ки вазифаи муҳим аст ва ба раиси ҷумҳур тамосу дастрасии бештар дорад. Ва илова кард, ки байни Отабек Умаров ва Саида Мирзиёева як навъ "рақобати муайяне" вуҷуд дорад.
Ду манбаи мустақил, ки аз вазъ огоҳанд, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи муноқишаи Умаров бо Комил Алламҷонов, ҷонибдори Саида Мирзиёева нақл карданд.
Яке аз манбаъҳо гуфт, ки домоди президент Алламҷоновро дар таъсиси як "коргоҳи ғайрирасмӣ" гумонбар медонад, ки гӯё бо истифода аз номи ӯ ба тоҷирону мансабдорон фишор меовардааст.
Мақомоти Узбекистон дархости Радиои Озодиро барои шарҳи ин қазия бепосух монданд.
Нақши Хадамоти амният
Ба гуфтаи Алишер Илҳомов, раҳбари маркази таҳқиқотии Central Asia Due Diligence ва коршиносони дигар, ҳамагуна интиқоли қудрат дар Узбекистон бояд аз сӯйи Хадамоти амният ҷонибдорӣ шавад.
Дар ҳоли ҳозир Мирзиёева метавонад ба кӯмаки падаршӯйи худ Ботир Турсунов такя кунад. Вай муовини раҳбари Хадамоти давлатии амният аст. Вале ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар оянда Отабек Умаров, соҳиби вазифаи калидӣ дар ин Хадамот хоҳад шуд.
"Тибқи ин тарҳ Умаров барои президент шудан шонси бештар дорад. Албатта агар Мирзиёва натавонад сари вақт одами худашро ба Хадамоти амният биёрад. Зеро Турсунов аллакай пир шуда истодааст," -гуфт таҳлилгар.
Бо ин ҳол хонаводаи рақами яки Узбекистон ҳеҷ гоҳ дар бораи вориси оянда ва рақобат барои курсӣ ишора накардааст.
Сокинони Узбекистон бо таваҷҷӯҳ ба шуҳрати Саида Мирзиёева ӯро ба духтари президенти аввали кишвар Гулнора Каримова монанд мекунанд, ки даст доштанаш ба фасод, муносибати ӯро бо падараш Ислом Каримов вайрон ва онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
Каримова, ки замоне дар симои ӯ вориси президент дида мешуд, ҳоло барои пулшӯйи ва чандин ҷиноятӣ дигар зиндонӣ аст. Бино ба гузоришҳо, ӯ беш аз як миллиард доллар ҷамъоварӣ карда, бо роҳи ғайриқонунӣ дар хориҷ соҳиби сарвати зиёде шудааст.
Ба гуфтаи Алишер Таксанов, собиқ дипломати узбек қисме аз дороиҳои ғайриқонуни ба даст овардаи Гулнора Каримова, солҳои ахир “ба тадриҷ ба моликияти Мирзиёевҳо табдил ёфтааст.”