Ба гуфтаи онҳо, чун ҳамеша боло рафтани қимати маводи сӯхт, аз паси худ қимати дигар молу маҳсулотро боло мебарад ва бештар аз ҳама ба ҷайби мардуми камбизоат зарба мезанад. Ҳоло як литр гази моеъ дар Душанбе ба қимати аз 7,80 то 8 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад. Аксари мошинҳо дар Тоҷикистон ба далели арзонтар будан, гази моеъро истифода мекунанд. Аммо аз оғози моҳи июл қимати он аз 4,80 сомонӣ ба 8-8,20 сомонӣ расидааст.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об чанде пеш гуфт, ки болоравии арзиши гази моеъ мавсимӣ аст: «Солҳои гузашта ҳам бинед, дар ҳамин вақт, нархи баъзе сӯзишвориҳо дар тобистон ё тирамоҳ пасту зиёд мешаванд. Дар мавзӯъи гази моеъ сабаб он аст, ки аксарияти истеҳсолкунандагони гази моеъ, ки мо аз давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон ворид мекунем, иқтидорҳои коркарди худро ба таъмир мебароваранд, ки вокуниши бозор ба ин ҳис карда мешавад.»
Вазорати энергетикаи Қазоқистон эълон карда буд, ки сар аз 1-уми моҳи июл нархи гази моеъро дар ин кишвар каме боло мебарад. Манучеҳр, як ҷавони тоҷик, ки чанд рӯз пештар аз Русия ба Тоҷикистон бо мошин омадааст, мегӯяд: «Дар Қазоқистон мо омадем нархи газ 2,5-3 сомонист. Дар Русия газ 17 рубл. Узбекистон қиматар аст, тақрибан баробари мост.»
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, ниҳоде, ки масъули танзим нархҳо дар бозор аст, мегӯяд, «баландшавии беасоси нархҳоро мушоҳида накардаанд».
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон боло рафтани арзиши газро ба омилҳои берун аз Тоҷикистон марбут медонад. Ӯ чанде пеш дар нишасти хабарие гуфт: «Яъне ҳар он чизе, ки аз берун ворид карда мешавад, тағйирёбӣ дар бозор ба назар хоҳад расид. Яъне бо назардошти ҳамон тағйирёбии конюктура дар бозорҳои ҷаҳонӣ ё минтақавӣ».
Вале сарфи назар аз далелтарошиҳои мақомоти давлатӣ, ронандагони оддӣ ва бахусус ронандагони таксӣ мегӯянд, ин нарх барояшон гарон аст.
«7 сомониву 80 дирам дар «Газпром». Дигар ҷойҳо фарқ мекунад, баъзеяш 8,30 сомонӣ, баъзеи дигар 8 сомонӣ. Камтар хароҷотро мепӯшонад, вале нисбат ба пештар ки 5,40 - 5,80 сомонӣ буд, каме баландар аст. Аммо чӣ кор кунем? Дигар кор ҳамин шудааст. Русия ба ҳамин аҳвол, инҷо ба ин аҳвол, ҳамин хел. Ду моҳ шуд нархҳо баланд шудааст» -мегӯяд Ҳаётуллоҳ Каримов, таксироне дар роҳи Душанбе-Ҳисор.
Бархе намояндагони ширкатҳои воридкунандаи газ дар сӯҳбати бидуни микрофон, пас аз сафари ахири раисҷумҳури Қазоқистон ба Душанбе, ба тавофуқҳое ишора мекунанд, ки аз назари онҳо ба пойин рафтани арзиши гази моеъ ҳам бетаъсир нахоҳад буд.
Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон ворид мекунад. Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд, ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоши нарх суҳбат кунанд. Тоҷикистон дар ним соли гузашта аз хориҷа бештар аз 200 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки нисбат ба ним соли гузашта бештар аз 12 ҳазор тонна камтар аст.