Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ дар Тоҷикистон поин омад, вале на ҳамаро хушҳол кард. ВИДЕО


Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир поин омад. Сокинон мегӯянд, аз ин вазъ хушҳоланд, вале аз тағйир наёфтани арзиши хидматрасонии нақлиёт ва коҳиши нархи маҳсулот дар бозорҳо нигаронанд. Қаблан баҳои як литр гази моеъ то ба ҳашт сомонӣ ва зиёдтар аз он мерасид. Ҳоло ба 3 сомониву 90 дирам поин омадааст.

Фарҳод Наҷмиддинов, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Алӣ" дар Душанбе, рӯзи 16-уми январ сабаби арзонии гази моеъро ба "поинравии нархи он дар бозори берунӣ ва афзоиши воридот ба Тоҷикистон" пайванд дод. "Ҳозир роҳҳо кушода аст, нарх ҳам арзон шуда. Саривақт меоранд. Ҳама вақт газ дорем," – афзуд ӯ.

Ронандагоне, ки нақлиёташон бо гази моеъ мегардад, аз поин шудани нархи он истиқбол карданд. Амирхусрав Тупалов, яке аз ронандаҳо, гуфт, аз ҳисоби коҳиши нархи газ хароҷоташ ҳам кам шуд: "Тобистон газро то 8 - 8,5 сомонӣ мехаридем. Ҳозир як литр газ 3 сомониву 90 дирам аст. Ба фоидаи мост."

Бар хилофи як баробар поин шудани нархи гази моеъ арзиши роҳкирои мусофирбарҳо чӣ дар дохили пойтахт ва чӣ ба тарафи минтақаҳо ба мисли пешина мондааст. Ба назари Ҳотам Қодиров, мусофири самти Душанбе-Кӯлоб, "бо чунин нарх роҳкиро ба тарафи Кӯлоб бояд 40-50 сомонӣ бошад, аммо ҳанӯз 70 сомонӣ аст."

Абдулҳамид Ҷигитов, ронандаи мусофирбари Душанбе-Рашт, иддао дорад, ки роҳкироро арзон кардааст. "Вақте нархи газ 7-8 сомонӣ буд, аз Душанбе ба Рашт ба 100-120 сомонӣ мерафтем. Намедонам, барои чӣ баъзе ронандаҳо ҳоло нархро то 150-170 бардоштаанд. Сад сомонӣ нархи миёна аст."

Видео дар инҷост:

Газ арзон шуд, вале нархи роҳкиро тағйир наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Мақомот сабаби коҳиши нархи гази моеъро шарҳ надоданд. Сабаби кам нашудани арзиши хидматрасонӣ ва маҳсулотро низ. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои шарҳи масъала номаи расмӣ хостанд.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси иқтисодӣ, ин равандро ба пайомади таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Русия рабт дод. Ӯ гуфт, "сабаби болоравии арзиши газ ҳамлаи Русия ба Украина буд. Системаи ҷаҳонӣ ё ҳадди ақал аврупоии таъмини газу нафт, бинобар таҳримҳо ва садамаҳо, вориди мушкилот шуд ва боис ба ҷаҳиши қимати газ гашт. Ҳоло ин система дубора роҳ уфтодааст ва нарх ҳам поин меравад."

"Ду сабаби дигари поинравии баҳои газ вуҷуд дорад: яке гармии бесобиқа дар зимистони Аврупо - яке аз бузургтарин масрафкунандагони газ; дигаре зери таҳрим мондани гази Русия, ки дар натиҷа чун харидораш камтар шуд, бо нархи арзонтар пешниҳод мешавад. Арзоншавии газ дар Тоҷикистон бештар ба сабаби дувум бастагӣ дорад," -- шарҳ дод Абдуманнон Шералиев.

Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар даҳ моҳи соли 2022-юм 329 ҳазор тонна гази моеъ ба кишвар оварда шудааст. Русия ва Қазоқистон аз тамъинкунандаҳои асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG