Мақомоти украинӣ гуфтанд, рӯзи 6-уми сентябр Русия ба чанд шаҳри Украина мушак андохт ва системаи дифои зиддимушакӣ аз 27 то 44 мушак ва ҳавопаймои бесарнишини русиро нобуд кардааст. Мақомоти вилояти Харков мегӯянд, мушакҳои русӣ субҳи 6-уми сентябр ба биноҳои истиқоматӣ бархӯрданд ва 3 касро маҷрӯҳ карданд.
Масъулини вилояти Днепропетровск ҳам гуфтанд, артиши Русия нимашаби 6-уми сентябр ба ин вилоят ҳамла кардааст. Партоби мушакҳои русӣ боиси захмӣ шудани 2 кас гардида, дасти кам 12 хона ва хатҳои интиқоли барқу газ хароб шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, афтодани пораҳои ҳавопаймои бесарнишини “Шаҳид” сабабгори оташ гирифтани як анбор ва нобуд шудани чаҳор мошин дар ғарби вилояти Лвов шуд. Русия дар аввали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.