Русия Киевро мушакборон кард

Як мушаки Русия дар осмони Украина. Акс аз моҳи май

Мақомоти Киев, пойтахти Украина, субҳи 5-уми сентябр аз сокинон хостанд, ки аз паноҳгоҳояшон берун нашаванд.

Шаби 4 ба 5-уми сентябр Русия бо даҳҳо мушак ба пойтахти Киев ҳамла кард.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар саҳифааш дар Телеграм субҳи 5-уми сентябр дар муроҷиатномае аз сокинон хост, аз паноҳгоҳҳояшон берун нашаванд.

Ӯ гуфт, чанд мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар осмони Киев нобуд шудаанд, вале хатар ҳанӯз вуҷуд дорад.

Русия маъмулан шабона ва субҳ Украинаро мушакборон мекунад. Мақомоти Украина гуфтаанд, ки ҳамла ба Житомир ва Херсон низ сабт шуд. Хисороти расида аз ҳамлаҳои имрӯзи Русия нашр нашудааст.

Рӯзи 4-уми сентябр Русия ба шаҳри Лвови Украина ҳамла кард, ки дар пайи он ҳафт нафар кушта ва 53 кас захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи рӯзи 3-юми сентябри Русия ба Донишкадае дар Полтаваи Украина беш аз 50 нафар кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуда буд.

Русия дар аввали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.