Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати тирамоҳӣ ба артишро имзо кардааст

Президенти Тоҷикистон фармони даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро имзо кардааст.

Тибқи фармон дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри имсол ҷавонони соли таваллудашон 1997 то 2006 барои хизмат дар артиш сафарбар хоҳанд шуд.

Бар асоси фармони мазкур, ки рӯзи 27-уми август имзо шудааст, мақомоти расмӣ вазифадоранд, ҷавонони аз 18 то 27-соларо, ки асоси қонуние барои озодӣ аз хидмат ва сабабе барои ба таъхир андохтани он надоранд, ба сафи неруҳои мусаллаҳ ҷалб кунанд.

Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ, олуда мешавад.

Дар ин мавсим дар видеоҳо гоҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони милиса ҷавононро ба зӯр ба мошин андохта мебаранд ва наздиконашон монеи бурдани онҳо мешаванд.

Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Бино ба омори расмӣ муддати 3 сол дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.