Зуҳро, сокини шаҳри Фирӯзкӯҳи Афғонистон шаш моҳ пеш ба сабаби қашшоқӣ духтари 14-солаашро ба як марди 30-сола ба шавҳар дод. Ӯ, ки дар маркази вилояти Ғӯр зиндагӣ мекунад, мегӯяд, шавҳарашро панҷ сол пеш дар як ҷанг Толибон дар ҳамин вилоят куштанд.
Аҳволи иқтисодиаш аз он замон бад шуд ва то кунун чунин аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо хона надорем, дар хонаи мардум зиндагӣ мекунем. Фарзандонам на пойафзол доранду на либос. Дар хонаамон ҳеч чизе нест, эҳтиёҷмандем." Қонунҳои Афғонистон синни издивоҷи духтаронро 16-солагӣ муқаррар кардааст, дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳо духтарон ҳақ доранд, дар 18-солагӣ издивоҷ кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳам айни қонун аст ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ додгоҳ иҷоза медиҳад, духтаре, ки 18-сола нест, издивоҷ кунад.
Ҳукумати Толибон фармонеро содир кардааст, ки издивоҷи маҷбурии духтаронро манъ мекунад, вале дар он синни ба шавҳар додани духтарон муайян нашудааст. Иддае аз занони афғон мегӯянд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ки аҳволи иқтисоди кишвар бадтар шуд, хонаводаҳое афзуданд, ки ба далели фақру ноилоҷӣ маҷбур духтарони хурдсоли худро шавҳар медиҳанд, то аз “сарборӣ” халос шаванд ва ё ба оилае бисупоранд, луқмае нон ба ӯ бидиҳад.
Малола, яке аз занон аст, ки мегӯяд, баъди издивоҷи духтарони ноболиғ фалокату мусибати зиёде ба сари онҳову хонаводаҳояшон меояд. Ӯ афзуд: “Дар вилояти Ғӯр ба далели фақр, бештари хонаводаҳо духтарони ноболиғашонро ба шавҳар медиҳанд ва ё маҷбуран ба шавҳар медиҳанд, ки ин яке аз омилҳои хушунати хонаводагӣ ва марги модарону кӯдакон мешавад”.
Ба қавли малола, маҳдудиятҳои афзояндае, ки Толибон дар зиндагии духтарону занон дар Афғонистон ҷорӣ карданд, аз сабабҳои дигари издивоҷи иҷборӣ ва ба шавҳар додани ноболиғон дар вилояти Ғӯр аст, ки аз вилоятҳои муҳофизакор ба ҳисоб меравад.
Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Толибон дар се соли ахир 70 фармон содир кардаанд, ки ба озодиҳо, ҳуқуқ ва зиндагии рӯзмарраи занону духтарони афғон дахл доранд. Ҳукумати Толибон ҳамеша иддао мекунад, ки ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ дар Афғонистон риоят ва кафолат дода мешавад.
Фурӯзон, як фаъоли ҳуқуқи занон дар вилояти Ғӯр, ба Радиои Озодӣ гуфт, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои имдодӣ бояд ба вазъи духтарони ҷавон ва хонаводаҳои фақир таваҷҷӯҳи бештар кунанд, то онҳо маҷбур нашаванд, ки духтарони навраси худро мисли Зӯҳро ба шавҳар надиҳанд.
Ӯ гуфт: "Агар вазъ ҳамингуна идома ёбад, мумкин аст, оилаҳо ночор духтарони худро ба сабаби камбизоатӣ бифурӯшанд, ки хатари хеле бад дорад. Дархости мо аз созмонҳои ҳуқуқи занон ин аст, ки кӯшиш кунанд, ба оилаҳо кӯмак кунанд, то онҳо ба шавҳар додани наврасону фурӯхтани духтаронро бас кунанд”.
Оморе дар бораи ба шавҳар додани духтарони ноболиғ дар даст нест, аммо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ қашшоқиву фақри густурда дар Афғонистон, бахусус вилоятҳои ҷанубии он метавонад, баёнгари то куҷо зиёд будани ин зуҳуроти вайронгар барои ҷомеа бошад.