Дар баёнияи расмии созмон, ки имрӯз дар Фейсбук нашр шуд, омадааст, ки дар ҷаласаи анҷуман дар рӯзи 24-уми август, “Темур Варқӣ, шоир, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, аз ҷониби Шӯрои раҳбарии созмон ба унвони раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик интихоб гардид.”
Анҷумани мазкур, ки гурӯҳе аз зиёиён ва дигарандешони табъидии тоҷикро гирд овардааст, соли 2015 таъсис ёфт ва то кунун онро Алим Шерзамонов, муовини собиқи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раҳбарӣ мекард.
Темур Варқӣ дар мукотиба аз тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи ахир пешниҳод шудааст, то муҳлати раисӣ аз 1 то ба 2 сол бошад. Темур Варқӣ солҳои тӯлонӣ дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон кор карда ва 14 сол хабарнигори бахшии русии радиои Би Би Си дар Маскав будааст.
Ҳадафҳои Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ба қавли муассисони созмон, аз ҷумла “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа, талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, таҳкими фарҳанги шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ дар ҷомеа ва маҳви хешовандсолорӣ ва ҳарҷу марҷ ва фасодҳои идорӣ” аст.
Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, узви “Паймони миллии Тоҷикистон”, як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат аст, ки онро Додгоҳи олӣ, созмони ифротӣ ва фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон кардааст.