Кӯдаке дар Истаравшан зери чархи мошини модар даргузашт

Бозори Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан кӯдаке зери чархи мошини модараш монда баъди муддате даргузашт.

ВКД Тоҷикистон дар хабаре рӯзи 24 август навишт, ки ҳодиса 19 август тахминан соатҳои 11:30-и шаб рух дод. Модари 27-сола мошини сечархаи тамғаи «Fupenq»-ро "дар ҳамшафати манзили истиқоматиаш идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи механикӣ набаромада, маҳз аз рӯи муносибати бепарвоёна бо қисмати паси воситаи механикӣ фарзанди хурдсоли 3-солаашро пахш намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”.

Бино ба ин хабар, модар "бо мақсади пинҳон доштани ҳодиса фарзанди хурдсолашро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок қарор дода, ӯро ба беморхона дастрас накардааст”. Дар натиҷа, кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид, гуфтааст ВКД

ВКД гуфт, зан дастгир шудааст ва бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондан ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Мавқеи ин зан ба ҳодиса ва иттиҳоми зидди ӯ дастрас нест.