Ҳамлагаре дар Олмон се касро кушт

Дар ҷои ҳамла полис ва мутахассисони дигар кор мекунанд. 23 август, Золинген

Дар шаҳри Золинген воқеъ дар ғарби Олмон марди мусаллаҳ ба корд ба ширкатдорони як ҷашни идона ҳамла кард ва  се нафарро куштаву ҳашт касро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Ҳамла замоне рӯй дод, ки сокинони маҳаллӣ барои тамошои консерти бахшида ба 650-солагии шаҳр дар майдони марказӣ ва наздик ба саҳна ҷамъ омада буданд.

Ҳерберт Ройл, вазири корҳои дохилии Рейни Шимоливу Вестфалия гуфт, ки марди мусаллаҳ ногаҳон ба ҳамла гузашта беназму ногаҳонӣ зарба мезад. Баъди ин ӯ фирор кард ва ҷустуҷӯяш ҳанӯз идома дорад.

Маълум нест, ки оё ин мард танҳо буд ё бо кадом гурӯҳе амал мекард. Дар миёни фавтидаҳо як зан ва ду мард мебошанд.

Шаҳрдори Золинген навишт, ки сокинон “дар тарсу ҳарос ҳастанду ғамзада шуданд”. “Мо ҳама барои таҷлили ҷашн омадем, вале ҳоло бояд барои ҳалокшудаҳо бигирйем”, навишт шаҳрдори олмонӣ.