Ҳамлаи бесарнишинҳо  ба анбори силоҳи Воронеж

Сӯхтори анбори силоҳ. Акс аз бойгонӣ

Александр Гусев, раиси минтақаи Воронежи Русия гуфт, шаби 24-уми август  бо сабаби ҳамлаи бесарнишинҳо дар ноҳияи Острогожск сӯхтор ва таркиши «маҳсулоти тарканда» шурӯъ шудааст.

Ӯ гуфт, ки сӯхтор бо сабаби афтодани боқимондаҳои бесарнишини нобудшуда сар зад. Вале ӯ мушаххасан нагуфт, ки кадом муассиса оташ гирифтааст. Телеграм-канали Astra гуфт, ки манзур як анбори силоҳ аст.

Ба ҷуз ин анбор, дар Острогожск як муассисаи таълимии зиддитонкӣ барои тарбияи мутахассисони ҷавон амал мекунад, ки ба Вазорати дифоъ тааллуқ дорад. Гусев навишт, ки дар се маҳаллаи ноҳияи Острогожск ҳолати фавқулода ҷорӣ мешавад.

Ба иттилои ӯ, аз як маҳалли зист тахминан 200 нафар берун бурда шудаанд. Як зан дар ҳолати сангин бистарӣ ва дигараш сабук маҷрӯҳ шудааст.

Раиси вилояти Белгород Вячеслав Гладков ҳам дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо дар шаби гузашта хабар дод. Дар натиҷа, дар деҳаҳои Малиновка ва Вейделевка ду нафар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, шаби 24 август ҳафт бесарнишини монанд ба ҳавопайморо дар фазои вилоятҳои Воронеж, Белгород ва Брянск нобуд карданд.