Сагҳои Бохтар чӣ гуноҳ кардаанд, ки онҳоро мекушанд?

Мақомот мегӯянд, ҳамлаи сагони дайду ба мардум зиёд шудааст.

Танҳо дар шаҳри Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон дар ним соли гузашта 165 саги бесоҳиб ва дайдуро маҳв кардаанд.

Мақомот мегӯянд, аз ноилоҷӣ ҳайвонҳои безабонро мекушанд. Ҷӯрабек Шарифзода, сардори Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар дар як нишасти хабарие чанд рӯз пеш гуфт, ҳоло шароити нигоҳубини ҷонварони бесоҳибро надоранд, ки мумкин аст, ба раҳгузарон ҳамла кунанд.

Ӯ афзуд: “Дар дигар давлатҳои тараққикарда мебинем, ки сагҳои дайдуро нигоҳ мекунанд, вале мо шароити онро надорем. Бояд махсус ҷойҳо бошад, вале мо надорем.”

Ба қавли мақомот, як сабаби куштани ҷонварон афзоиши ҳамлаҳои онҳо ба мардум аст. Имсол фақат дар минтақаи Кӯлоб 800 мавриди ҳамлаи сагон ба мардум сабт шудааст.

Сидҷаъфар Раҳимов, сокини Бохтар мегӯяд, ки гоҳ-гоҳе шоҳиди маҳви сагони бесоҳиб мешавад: “Саг зиёд шудааст. Ҳар шаш моҳ, ё чаҳор моҳ омада, онҳоро нест мекунанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатли сагон роҳи ҳал аст?

Соли гузашта дар вилояти Хатлон 450 сагро нобуд кардаанд. Сокинон ин корро бераҳмӣ меноманд ва мегӯянд, бояд ҷойе барои нигоҳубини ҷонварон бошад, чун қатли сагон кори ғайриинсонист ва он ҳам дар пеши чашми мардум кори бисёр бад ва озордиҳанда аст.

Фотима Хоҷаева, сокини шаҳри Бохтар: “Ин сагҳоро бояд ҷамъ карда, дар як ҷой нигоҳубин кунанд, бояд нигоҳ кунанд. Сагро куштан мумкин нест.”

Аз тарафи дигар мақомот онҳоеро танқид мекунанд, ки аз ҳар роҳ мехоҳанд, аз сагони худ халос шаванд.

Ҷурабек Шарифзода, сардори Маркази таъмини бехатарии озуқавории шаҳри Бохтар: “Ин сагҳоро аз ноҳияҳо наздик ба Бохтар меоранд. Як рӯз як нафар халтаеро овард, фикр кардам дарунаш чизе ҳаст, рафта мекушоям саг, ҳашто сагро оварда партофтааст, дар Бохтар.”

Идораи байторӣ дар Хатлон соле пеш гуфт, ки куштани сагҳои дайду манъ шудааст, вале ин кор ҳанӯз ҳам идома дорад. Ҳоло мақомот ба тадриҷ ба сагҳо шиноснома медиҳанд, то шумораи сагҳои дайду кам шавад.

Онҳо мегӯянд, ки дар як соли ахир ба 100 саг, ки соҳиб доштаанд, шиноснома додаанд, даҳҳо саги дигарро барои эмин нигаҳ доштан аз бемории хатарноки ҳорӣ ваксина задаанд.