Ба иттилои оҷонсӣ, дар Шабакаҳои тақсимоти барқ чанд нафар пули буҷаро ба фоидаи шахсии худ тасарруф намудаанд. Баъзе сокинон ва коршиносон мегӯянд, дар ин идора пули давлатро медузданд, вале ҷабри онро муштариён мекашанд.
Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ба ӯ паёмак расид, ки аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ қариб 160 сомонӣ қарздор аст. Дар ҳоле ки, мегӯяд, ҳар моҳ пули барқро пардохт мекунад.
“Ман ҳам яке аз ҳамон 10 000 муштаре, ки паёмак гирифтааст, рӯзи шанбе соати 10 ба Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе рафтам. Мутаассифона дар ин рӯз касе пайдо накардем. Аз сабабе, ки мӯҳлати ҳамон қарзе, ки гӯё мо қарздор будаем, то рӯзи 10 август буд, бояд инро ман ҳал мекардам, баъд ба сафари 3 рӯза мерафтам. Фикр кардам, ки ҳоло ман инро пардохт накунам, шояд барқамро хомӯш кунанд, чизе ки дар яхдон бошад, вайрон мешавад. Маҷбур шудам 160 сомонӣ ба суратҳисоби қаблӣ пардохт кунам, вале дар асл ман қарздор нестам”- афзуд, ӯ.
Ҳафтае пеш масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқ хабар дода буданд, ки ба 50 ҳазор муштарӣ паёмак аз қарзҳои пешинаашон фиристода хоҳад шуд. Сокинон чунин паёмаки қарздориашон аз истифодаи барқро шубҳабарангез медонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар посух ба нигаронии муштариён Маҳмад Ғуломзода, мудири фурӯши барқ дар Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфт: «Қарзҳои пешина зиёда аз 40 миллион сомонӣ мондагӣ аст. Ҳам корхонаҳо, ҳам муштариҳо. Мо хостем, ки қарзҳоро ба барнома гузаронем. Лекин аз сабабе, ки ҳамин қарзҳоро дурустиаш аниқ нест, барои ҳамин инро сар кардем зиёда аз 50 ҳазор муштарие, ки аз 2 сомонӣ сар карда, то чӣ қадаре, ки бошад.»
Раҳбарияти идораи Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ҳоле аз қарзи сокинон сӯҳбат мекунанд, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар 6 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 23 миллион сомонӣ тасарруфи пулҳои буҷавиро дар ин ниҳод ошкор кардаанд
Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти оҷонсӣ ҳангоми як нишаст дар Душанбе гуфт, қисми зиёди маблағҳои тасарруфнамуда ба Душанбе рост меояд:
“Санҷиши молии фаъолияти ҶСК Шабкаҳои тақсимоти барқ махсусан фаъолияти солҳои 2021-2023 ва 24 тасарруфи маблағҳои буҷавиро танҳо дар Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе дар ҳаҷми 12, 6 миллион сомонӣ ошкор намуд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати роҳбарони филиалҳои он дар Душанбе, навоҳии тобеи он дар маҷмӯъ нисбати 10 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ ирсол карда шуд ва маблағҳои зарари молии ошкоршуда ба буҷаи давлатӣ барқарор карда шудааст.”
Коршиносон тахмин мезананд, ки пулҳои тасарруфшуда дар Шабакаҳои тақсимоти барқ шояд бо қарзҳои ахиран пайдо шудаи муштариён иртиботе дошта бошад, ки дар ниҳоят мехоҳанд, аз ҳисоби сокинон онро ҷуброн кунанд.
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев, рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, пули буҷаро дар Шабакаҳои тақсимоти барқ азхуд мекунанд, вале зиёни инро мардум мебинад.
“Ҳамин масъала бояд аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия ҷиддитар, шадидтар шавад ва нисбати афрде, ки ба дуздии пули буҷа даст мезананд ҷазои сахттар дода шавад. Барои он ки мутаассифона, намояндагони Шабакаҳои тақсимоти барқ маблағро тасарруф мекунанд, лекин ҷубронкунанда худи шаҳрвандон мешаванд. Ин бори аввал нест, ин бори чандум аст, ки ба назар мерасад” - гуфт, Фозилҷон Фатҳуллоев.
Дуздии барқ ва тасарруфи маблағҳо дар низоми энержии кишвар дар гузашта низ борҳо мавриди танқид қарор гирифта буд. Бо вуҷуди он ки Ширкати “Барқи тоҷик” ба се шоха ҷудо шуд ва мутахассисони хориҷиро ба мудирияти он ҷалб намуданд, дуздии маблағҳо идома дошта, сокинон ҳар тирамоҳу зимистон бо камбуди барқ ҳисобу китоби шубҳабарангези пули он рӯбарӯянд.