Маросими видоъ бо аксбардор 16-уми август дар назди манзилаш баргузор шуд. Барои видоъ бо марҳум, наздикону дӯстон, ҳамкасбон ва бархе чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷамъ омаданд. Аз ӯ ҳамчун як аккосу филмбардори нотакрор ва инсони шариф ёд шуд.
Заур Дахте фарзанди як хонаводаи тӯдаиҳои Эрон буд, ки дар 14-солагӣ аз Эрон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат кард ва баъд аз зиндагӣ дар Туркманистону Доғистон ба Тоҷикистон омад ва ин ҷо муқимӣ шуд. Дахте сипас барои таҳсил ба Маскав рафт. Пас аз бозгашт дар студияи “Тоҷикфилм” кор карда, дар наворгирии филмҳои ҳунарӣ ва мустанад саҳм гирифт.
“Санъаткори бузурги тоҷик Заур Дахте, ба насли чаҳоруми муҳоҷирони эронӣ ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад. Вай ҳамчун суратгир, ҳамчун оператор, ҳамчун наворбардор дар таърихи маданияти тоҷик нақши бисёр барҷаста дорад. На ҳар суратгир, мисли вай сурат мебардошт, на ҳар касе, ки дар кино ҳамкорӣ кардааст, мисли вай зиндагиро равшан дида метавонист,” - гуфт, муаррих Иброҳим Усмонов.
Заур Дахте наворбардори филми “Рустам ва Сӯҳроб” буда, барои комёбии он талошҳои бузург кардааст. Вай ҳамчунин бо садҳо асари аккосии худ дар Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Фаронса, Олмон ва кишварҳои дигар зебоиҳои Тоҷикистонро ба намоиш гузоштааст. То бознишастагӣ 13 филми бадеиро ба навор гирифт ва чанд филми мустанад сохт. Бо вуҷуди боло будани синну солаш то рӯзҳои охир бо студияи “Тоҷикфилм” ва расонаҳо ҳамкорӣ дошт.
Ба қавли Толиб Раҳматуллоев, муовини аввали “Тоҷикфилм” дар намоишгоҳҳо хориҷиён ба осори Заур Дахте таваҷҷӯҳи хос доштаанд. Вай таъкид намуд, ки “соли 2023 дар доираи фестивали байналмилалии “Душанбе-Тоҷи Сомон” мо намоиши аксҳои устодро дар дохили “Тоҷикфилм” баргузор кардем, ки садҳо нафар меҳмонон аз хориҷи дуру наздик, аз худи Тоҷикистон ин аксҳоро тамошо карда, баҳра бурданд”.
Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, Заур то охири умр ба касбу ҳунараш содиқ монд.
“Заур аксбардор набуд, Заур аз аксбардорӣ болотар буд, коргардон буд. Яке аз коргардонҳои беҳтарини филми мо, беҳтарин филми Тоҷикфилм “Рустам ва Суҳроб”, якеаш ҳам Заур Дахте буд. Бузургии ин мард дар он буд, ки синну сол надошт. Вақте ки суҳбат мекардед, чун ҳунарманди асил, ҳамчун одами боистеъдод, ҳамчун як шахсияти варзида синну сол надошт. Барои ман азиз буд дар ҳамин ҷиҳат,»-афзуд Гулрухсори Сафӣ.
Дар маросими ҷанозааш дӯстонаш гуфтанд, охирон аксҳое, ки ба расонаҳо додааст, аз мавзеи Чилдухтарон ва Сари Хосор будааст. Заур Дахте 3 рӯз қабл аз зодрӯзаш, дар синни 88 солагӣ даргузашт. Аз ӯ як писар ва ду духтар ба ёдгор монд.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад