Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Заур Дахте дар тасодуфи нақлиётӣ дар Варзоб


Заур Дахте. Акс аз соли 2016
Заур Дахте. Акс аз соли 2016

Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохта, рӯзи 15-уми август дар тасодуф ё садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. 88 сол дошт.

Дӯстони хонаводаи Заур Дахте ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. “Заур Дахте дар сари чанбари мошин будааст. Ӯ ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш, ки аз Маскав омада буд, ба яке аз истироҳатгоҳҳо мерафтанд,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, як мошини боркаш аз пушт ба худрави онҳо бархӯрда, Заур Дахте аз сар осеб дидаву ба ҳалокат расидааст. Ҳамсару духтараш зинда ҳастанд.

Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, маросими видоъ бо Заур Дахте рӯзи 16-уми август доир мешавад. Бино ба васияти Заур Дахте, ӯро дар канори қабри падараш дар оромгоҳи “Сариосиё”-и Душанбе дафн хоҳанд кард.

Заур Дахте аз намояндагони тӯдаиҳои Эрон буд, ки дар кӯдакӣ ҳамроҳи хонавода аз Эрон берун шуда, аввал дар Туркманистон ва сипас дар Тоҷикистони он замон Шӯравӣ ба воя расидааст.

“Сипас барои таҳсил ба Маскав рафтам. Пас аз бозгашт дар студияи “Тоҷикфилм” кор карда, дар офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм гирифтам”, - нақл карда буд ӯ соли 2016 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Заур Дахте дар наворбардории филми “Рустам ва Сӯҳроб” саҳм гирифта, бо садҳо асари аккосии худ дар намоишгоҳҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус низ Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Тавре худаш нақл карда буд, то замоне ки бознишаста шуд, 13 филми бадеиро ба навор гирифт. Ин ҳунарманди тоҷик солҳои охир аз он нигарон буд, ки аккосони ҷавон аз пайи дарёфти рӯзии худу хонаводаашон на ҳамеша дунболи сифат мегарданд ва вақти худро асосан барои наворбардории тӯю маросими мардум сарф мекунанд.

“Тоҷикистон гӯшаҳои зиёде дорад, ки аз назарҳо дур мондааст ва аккосони ҷавон метавонанд бо наорбардории он дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ иштирок ва кишварро намояндагӣ кунанд,” – гуфта буд ӯ.

XS
SM
MD
LG