Варзишгарони тоҷик аз Олимпиада баргаштанд. Натиҷа қаноатбахш аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Варзишгарони тоҷик, ки аз Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ соҳиби медал шуда буданд, 14-уми август ба Душанбе баргаштанд. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе варзишгарони тоҷикро наздиконашон, масъулини соҳа ва ҳаводорони варзиш истиқбол карданд.