Русия дар вилояти Курск вазъи фавқуллода эълон кард

Курск

Ҳукумати Русия дар вилояти Курск, ки Украина ба он ҳамла кард ва ҳам дар ду вилояти наздики он Брянск ва Белгород амалиёти зиддитерриристӣ эълон кард.

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия рӯзи 10-уми август гуфт, ки қарор дар бораи эълони амалиёти зиддитерористиро Александр Бортников, раиси ФСБ ва ё Хадамоти Федералии Амниятии Русия қабул кардааст. Ба қавли Бортников, қарор дар посух ба “талоши бесобиқаи Украина барри ноамн кардани чанде аз вилоятҳои Русия” қабул шуд.

Аз ин пеш Русия рӯзи 9-уми август дар вилояти Курск, ки нерӯҳои Украина чаҳор рӯз аст ба он ҳамла доранд, “вазъи фавқуллодаи сатҳи федералӣ” эълон кард. Се рӯз қабл аз ин эълон нерӯҳои Украина ба як фурудгоҳи низомӣ дар инҷо зарба заданд. Дар посух ба ин ҳамлаҳо вазорати дифои Русия гуфт, ки ба вилоят нерӯҳои иловагӣ, аз ҷумла системаҳои рокетии Град, ва танку тӯпхона мефиристад.

Расонаҳои давлатии Русия низ аз ирсоли сарбозону нерӯҳои иловагӣ ба Курск хабар доданд ва видеоҳои ҳаракати сарбозон ба самти Курскро нишон доданд, ки бисёре аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст. Ҳамлаи Украина ба Курскро бузургтарин ҳамлаи нерӯҳои он кишвар ба Русия медонанд.

Баъди таҷовузи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 Украина то кунун ба хоки Русия чунин ҳамла накарда буд. Ҷузъиёти ҳамлаҳои Украина маълум нест, вале артиши Русия гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо 1000 сарбоз ва даҳҳо зиреҳпӯш ширкат мекунанд.