Аз ин пештар ҳукумати Украина аз Мексика хост, дар сурати омадани Владимир Путин ба Мексика барои ширкат дар маросими адои савганди раиси ҷумҳури нав дар моҳи октябр ӯро дастгир кунанд.
Дар посух ба ин Андрес Мануэл Обрадор дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи панҷшанбе гуфт: “Мо ин корро карда наметавонем. Ин кори мо нест.” Боздошти Путинро сафорати Украина дар Мексика, рӯзи 8-уми ноябр дар як номае ба ҳукумати ин кишвар дархост кардааст. Тибқи муқаррарот, ҳукумати Мексика тамоми раҳбарони кишварҳоеро, ки бо онҳо робитаи дипломатӣ дорад, ба маросими адои савганди раиси ҷумҳури нав даъват мекунад.
Дар номаи сафорати Украина омадааст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят, амри боздошти Путинро содир кардааст ва “Мо умедворем, ки ҳукумати Украина медонад, ки Владимир Путин, як ҷинояткори ҷангӣ аст ва амри боздошташ содир шудааст.” Клаудиа Шейнбаум, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Мексика рӯзи 1-уми октябр савганд ёд мекунад ва Владимир Путин ӯро барои интихоб ба ин мақом табрик гуфтааст.
Амри боздошти Путинро Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят соли 2023 содир кард, вале на Русия ва Мексика салоҳиятҳои ин додгоҳро эътироф намекунанд ва амру дастурҳои он барояшон беаҳамият ба ҳисоб меравад. Аввалин сафаре, ки Владимир Путин баъди судури амри додгоҳ дошт, ба Тоҷикистон буд.