Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, ба гуфтаи мақомот, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст.
Ба назари Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" чунин амал ба вазъу шароити қисмҳои ҳарбӣ таъсири манфӣ гузошта, дар ниҳоят ҷабри онро сарбозони мекашанд.
Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бар инанд, ки маблағи тасарруфшуда пурра ба буҷа баргардонида хоҳад шуд.
Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 9-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, "дар натиҷаи тафтиши ниҳоии фаъолияти молиявӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ тасарруфи маблағҳо ошкор карда шуд ва то имрӯз 9 парвандаи ҷиноятӣ қисм-қисм ба Суди олӣ ирсол гардид".
Вай афзуд, ки дар робита ба тасарруфи пули давлат дар сохторҳои Вазорати дифоъ, нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст ва тафтиши пешакии қисме аз парвандаҳо идома дорад. "Аз маблағи беш аз 123 миллион сомонӣ то ҳол 93 миллион сомонияш ба будҷаи давлатӣ ворид карда шудааст"- афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, 52 нафаре, ки барои дуздии маблағ нисбаташон парванда боз шудааст, ғайр аз масъулони Вазорати дифоъ, ҳамчунин аз дигар идораҳо низ, аз қабили Палатаи ҳисоб ва Вазорати молия низ мебошанд. Дар бораи шахсияти онҳо ҷузъиёт дода нашуд.
Рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарии Вазорати молияи Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки як корманди ин ниҳод дар робита ба камомади маблағ дар Вазорати дифоъ боздошт шудааст. Юсуф Маҷидӣ, муовини аввали Вазири молия гуфт, бо сабаби идомаи тафтишот ҷузъиёти қазияро шарҳ дода наметавонанд.
Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", рӯзи 9-уми август ба Радиои озодӣ гуфт: “Бубнед, агар қисмҳои ҳарбӣ ба таври кофӣ ба хурок ва дигар чизҳои лозима таъмин нашавад натиҷа чунин мешавад, ки барои дастрасӣ ба хурок байни сарбозон муноқиша мешавад. Чунки дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ, ки мо иштирок кардаем, сарбозони куҳансолор, аз сарбозони ҷавон талаб мекунанд, ки барои онҳо хурок харанд. Маблағ талаб мекунанд , барои либосу музахарӣ. Ба сарбозон модаронашон маблағ мефиристанд. Агар ҳамин хел дуздӣ шавад таъминоти доруворӣ ҳам барои сарбозон кам мешавад”-афзуд, ӯ.
Хонум Самадова ба гунаи мисол гуфт, зимни боздид аз баъзе қисмҳои ҳарбӣ онҳо мебинанд, ки сарбозон бо гушту тухм таъминанд, вале вақте бо худи сарбозон ҳамсуҳбат мешаванд, воқеият дигар аст. “Мо мепурсем, ки дар як ҳафта чанд бор тухм мехуред як бор дар рӯзи истироҳт. Ё мепурсем, ки бори охир кай мева хурдед, кадом меваро хурдед? Ҷавоб дода наметонанд. На ҳама сарбозон метавонанд ошкоро гуянд чунин мушкилиҳоро”-афзуд, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ".
Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон хабари дуздиву аз худ кардани миллионҳо доллар аз Вазорати дифоъро моҳи феврали имсол тасдиқ карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки қисме аз ин маблағро дар ҳаҷми 24 миллион сомонӣ ошкор карданд ва аз натиҷаи идомаи тафтишот баъдан расонаҳоро огоҳ мекунанд.
Сӯистифодаи пуле, ки барои сарбозону афсарон ва муҳофизати марзу буми кишвар ҷудо шудааст, дар ҳолест, ки дар гузашта нигарониҳо аз таъмини номуносиб дар қисмҳои низомӣ садо додааст.
Аз худ кардани миллионҳо сомонии будҷа аз тарафи кормандони Вазорати дифоъ ва дигар идораҳои давлатӣ аломати дигаре аз зуҳуроти вайронгари фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон аст.
Созмони Шаффофияти Байнулмилал моҳи январи имсол бо нашри гузориши Шохиси дарки фасод Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162-ум қарор дод, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад.
Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ ахиран дар як таҳқиқи худ сатҳи фасод дар бахшҳои маориф ва тандурустиро нигаронкунанда унвон карда буд.