Расонаи "Ynet" навиштааст, ин гузина дар сурате иҷро хоҳад шуд, ки маълумоти иктишофӣ ҳамла ба Исроилро дар макони муайян сад дар сад тасдиқ кунад.
Мақомоти Исроил тахмин мезананд, ки дар посух ба кушта шудани Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос" дар шаҳри Теҳрон ва Фуод Шукр, фармондеҳи баландпояи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ба ин кишвар ҳамла хоҳад шуд. Исроил масъулияти куштори Ҳанияро бар зимма нагирифтааст.
Сухангӯи артиши Исроил Даниел Ҳогарӣ ба расонаҳо гуфтааст, бо вуҷуди таҳдидҳои Эрон дар ҳоли ҳозир дар дастурҳо тағйироте сурат нагирифтааст.
Нашрияи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише ба нақл аз манбаъҳои огоҳ навиштааст, ки Эрон талошҳои Амрико ва кишварҳои арабиро барои коҳиши вокуниш ба террори Исмоил Ҳанияро рад кардааст.
Ба иттилои расонаи "Axios", дар Амрико бар инанд, ки Эрон имрӯз, 5 август ба Исроил ҳамла хоҳад кард.