Иван Литвинович аз Беларус аввалин варзишгар аз ҳайати дастаи бетараф дар бозиҳои олимпии Париж аст, ки медали тилло бурид.
Литвинович дар рақобатҳои ниҳоӣ оид ба ҷаҳиш дар батути Олимпиада рӯзи 2 август баранда гардид.
Ӯ 23 сол дорад ва соли 2021 ҳам дар Олимпиадаи Токио қаҳрамони олимпӣ шуда буд. Дар ҷойҳои дуюм ва сеюм варзишгарони чинӣ Ванг Зисай ва Ян Лангуй қарор гирифтанд.
Кумитаи олимпӣ, ки баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина иштироки варзишгарони Русия ва Беларусро дар ин бозиҳои бонуфуз манъ кард, дар қоидаҳояш таҳрире ворид намуд ва ба варзишгарон аз ин кишварҳо иҷоза дод, ки дар ҳайати тими бетараф иштирок кунанд.