ИМА киштиҳои низомиро дар Ховари Миёна мустақар мекунад

Вазири дифоъ Ллойд Остин

Пентагон рӯзи 2 август гуфт, Иёлоти Муттаҳида як эскадрони ҷангандаро ба Ховари Миёна интиқол медиҳад

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон рӯзи 2 август гуфт, Иёлоти Муттаҳида як эскадрони ҷангандаро ба Ховари Миёна интиқол медиҳад.

Пентагон рӯзи 2 август гуфт, Иёлоти Муттаҳида як эскадрони ҷангандаро ба Ховари Миёна интиқол медиҳад ва як киштии ҳавопаймобарро дар минтақа мустақар мекунад.

Пентагон гуфт, ҳузури низомии Амрико ба хотири кӯмак ба Исроил аз ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон мебошад. Вазири дифоъ Ллойд Остин ҳамчунин амр додааст, ки киштиҳои муқовиматкунанда ба мушакҳои баллистикиро ба Аврупо ва Ховари Миёна бифиристанд.

Ин таҳаввулот баъди ваъдаи президент Ҷо Байден ба нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу иҷро мешавад.

Дар як занги телефонии рӯзи 1 август, Байден ва Нетаняҳу истиқрори нави артиши ИМА-ро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакҳои баллистикӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин баррасӣ карданд.