Радиои "Мавҷи Олмон" (Deutsche Welle) рӯзи 29-уми июл гузориш дод, ки Маҷористон (Венгрия) дар пайи сафари нахуствазир Виктор Орбан ба Маскав дар моҳи июл тақдими визаи ин кишварро барои шаҳрвандони Русия ва Беларус сабуктар кард.
Бар асоси ин гузориш, Маҷористон (Венгрия) шаҳрвандони Русия ва Беларусро ба барномаи ба истилоҳ “Корти миллӣ” ворид кардааст. Бар асоси барнома ба онҳо имкон дода мешавад, ки дар хоки Маҷористон давоми ду сол кору зиндагӣ карда, инчунин, муҳлати будубоши худро дароз кунанд.
Нашрияи RND дар Олмон дар оғози соли ҷорӣ хабар дода буд, ки Бедапешт пешбинӣ мекунад, ки имсол тахминан 65 ҳазор коргари хориҷӣ бо оилаҳояшон вориди Венгрия шаванд.
Венгрия як узви Иттиҳоди Аврупо ва созишномаи Шенген аст ва ҳанӯз маълум нест, ки вокуниши мақомот дар Брюссел ба чунин иқдом чӣ хоҳад буд.
Аз замони шурӯи ҷанги Русия дар Украина, Иттиҳоди Аврупо додани визаро ба шаҳрвандони Русия чун бахше аз таҳримҳои зидди Маскав маҳдуд кардааст.