Порлумони Тоҷикистон моҳи майи имсол қонуни нави танзимро тасвиб кард, ки бар асоси он идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон манъ аст. Ин тасмими мақомот вокунишҳои зиёд ва аксаран манфиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана дар нишасти хабарӣ аз тасмими манъи идгардак ҳимоят карда гуфт, идгардак дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон роиҷ набуд.
“Идгардак ба мафҳуме, ки пурра ё тамоман манъ шуда бошад, ба ин шакл не, дар доираи оила бо зиёрати хешу ақрабо иҷозат аст. Аммо дар шакле, ки кудакҳо бе саробон хона ба хона гаштан, туҳфа талаб кардан не. Дар доираи қонун ҳар кас метавонад идашро ҷашн гирад. Шумо метавонед ҳамроҳи фарзандон ба боғ ё хонаи дӯстон равед, касе манъ накардааст. Идгардак ягон рукни динӣ ҳам надошт, чун меъёре, ки дин барои баргузор кардани ид муқаррар кардааст хурсанд кардан ва таҳният кардан аст,”-афзуд раиси Кумитаи дин.
Манъи идгардаки кӯдакон сабаби вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбарон навиштанд, кӯдаконро набояд аз хурсандиашон маҳрум кард.
Баҳси идгардак кардан ё накардани кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон идома дорад. Ин мавзуъ дар аввали моҳи апрели имсол баъд аз расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд. Ин ниҳод омӯзгорони мактабҳоро вазифадор карда буд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд.
Ҳазорҳо кӯдак дар Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Фитр ва Қурбон, ду иди мусулмонӣ ба дари хонаи хешу табор ва ҳамсояҳо рафта, онҳоро ба фарорасии ид табрик мегӯянд ва савғотӣ мегиранд.