Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарӣ замони дақиқи тахриби ин ду биноро нагуфт, аммо таъкид кард, ки дар ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ сохта мешавад.
Вай афзуд, "чойхонаи "Роҳат"-ро хӯрокҳояш, аз ҷумла лағмон аш маъруф кардааст, ки ҳоло чунин нест. Мирзозода ҳамзамон фарсуда шудани бинои Театри Лоҳутиро зикр намуд ва гуфт, беҳтар аст бинои замонавии театр сохта шавад.
Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи "Роҳат" тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз мондааст.
Бинои ҳукумат ва низ бинои порлумони Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шуданд. Дар маросими ифтитоҳи ин ду бино дар моҳи ҷорӣ раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин иштирок кард.
Чойхонаи “Роҳат” дар соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад.
Дар гузашта тарафдорони мондани чойхона гуфтанд, “Роҳат” ҳамчун макони таърихӣ бояд ҳифз шавад. Аммо мақомот гуфтаанд, чойхонаи "Роҳат” ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар шомил намешавад.
Дар пайи бозсозии Душанбе чанд бинои қадимии Душанбе, аз ҷумла Театри Маяковский, бинои Вазорати кишоварзӣ ва ҳукумат тахриб шуданд. Коре, ки сабаби танқидҳои зиёд шуд, вале монеи тасмими мақомот нагашт.