Муҳаммади Нурӣ, домоди Файзмуҳаммад рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз дарди қалб ва шиддат гирифтани бемории қанд ранҷ мебурд.
Вай гуфт, имрӯз масъулони зиндони Ваҳдат санадҳоро омода доранд ва то поёни рӯз ҷасадро ба хешовандон месупоранд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад собиқ узви зеркомиссияи оштии миллӣ пас аз амалиёти зидди генерал Абдуҳалим Назарзода дар соли 2015 ҳамроҳ бо муовинони раиси ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов дастгир шуд.
Додгоҳи олӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро ба 23 соли зиндон маҳкум карда буд ва то имрӯз 8 солро дар пушти милаҳои зиндон пуштисар кард. Аксар ҳабсшудаҳои узви ҲНИТ солхӯрда мебошанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил кард. ҲНИТ ҳамаи ин иттиҳомҳоро беасос номида, баҳонае барои бастани ҳизб ва аз фазои сиёсии Тоҷикистон рондани он номидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Роҳбари пешини бахши исфарагии ҲНИТ дар зиндон даргузаштДафтари ҲНИТ-ро муҳр задандБобои Дона, ки зиндонӣ шуданаш сару садои зиёде барангехт, даргузашт Маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон. Ҳастанд ё не? (ВИДЕО)