Вазир гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 2500 омӯзгор намерасад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати маорифи Тоҷикистон эътироф кард, ки ҳанӯз ҳам даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ ба қадри кофӣ омӯзгор надоранд ва бачаҳо гоҳо ба ҷойи дарс дар берун мегарданд. Ба қавли вазири маориф, Тоҷикистон муҳтоҷи бештар аз 2500 омӯзгор аст.