Дар як навори видеоӣ Серебрякови 29-сола бо завлона дар даст мегӯяд, ки гӯё худаш шахсан феврали соли 2023 бо хадамоти махсуси Украина дар тамос шуда, зери назари як намояндаи онҳо бо номи «Иля» аз зери мошин як маводи таркандаро ҷой кардааст.
Ӯ гуфт, ки барои ин кораш ваъдаи подош дар ҳаҷми 10 то 20 ҳазор доллар ва дарёфти шиносномаи шаҳрванди Украинаро гирифтааст. Серебряковро дар сӯиқасд ба куштори ду нафар ва гардиши ғайриқонунини маводи тарканда гумонбар эълон кардаанд.
Маълум нест иқрори Серебрякови боздоштшуда то куҷо воқеӣ ва бефишор садо додааст.
Таркиши мошине дар шимоли Маскав субҳи барвақти 24-уми июл рух дод. Ронанда ва ҳамсари ӯ, ки дар дохили мошин буд, сахт маҷрӯҳ шудаанд. Нашрияи “Агентство” мегӯяд, мошин ба афсари раёсати ҷосусӣ Андрей Торгашов марбут аст, ки дар сӯиқасд ба ҷони собиқ як корманди амнияти Украина дар Маскав гумонбар мешавад.