Бо идомаи раванди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон, Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ин кишварро бисёр осон мекунад. Қонуне, ки рӯзи 23-уми июл қабул шуд, ба маъмурони пулис иҷоза медиҳад, бе ҳукми додгоҳ ва дар муддати ду шабонарӯз муҳоҷирро аз Русия берун кунанд.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар каналаш дар Телеграм навиштааст, шеваи нави ихроҷ нисбат ба муҳоҷироне истифода мешавад, ки санадҳояшон эътибор надорад, ё қонуншиканӣ кардаанд. Ба қавли Володин, муҳоҷироне, ки қонунҳоро риоят намекунанд, ё аз ҳаққи ҳузур дар Русия маҳрум шудаанд, набояд дар ин кишвар зиндагӣ кунанд.
"Касонеро бояд ронд, ки қонунҳои моро зери по мекунад. Касонеро роҳ надиҳед, ки забонро намедонанд, расму русум ва фарҳанги моро эҳтиром намекунанд. Бо назардошти ҳаминҳо бояд ҳамаро ба тартиб даровард ва қарор қабул намуд, баъд ҳама чӣ хуб мешавад,"-гуфтааст раиси Думаи давлатӣ.
Бар асоси тағйироти нав дар қонун, номи муҳоҷирони қонуншиканро, ба феҳрасти махсус ворид месозанд ва муҳоҷирон худашон бояд аз ҷойи иқоматашон ба пулис хабар диҳанд. Онҳое, ки номашон дар феҳраст шомил мешавад, наметавонанд, хона, ё мошин бихаранд, қарз бигиранд, бо касе ақди никоҳ банданд ва ё озодона дар Русия ҳаракат кунанд. Муҳоҷиронеро, ки ба такрор қонуншиканӣ кардаанд, аз ин пас бе қарори додгоҳ ва дар муддати кутоҳе аз Русия ихроҷ мекунанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошту рондани муҳоҷирон аз Русия баъди ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии Крокус дар Маскав дар моҳи марти имсол зиёдтар шуд, ки мақомоти Русия асосан муҳоҷирони тоҷикро ба он муттаҳам мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сабаби дигар ин мушкилоти афзояндаи Русия бинобар ҷанг дар Украина аст ва мақомот мехоҳанд, ҳарчӣ бештар бо доғ нишон додани масъалаи муҳоҷирон афкори ҷомеаро аз ҷанги Украина ба дигар тараф бикашанд.