Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба муҳоҷирон ҳуҷҷати қалбакӣ медоданд." Боздошти гуруҳе дар Владивосток


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, кормандони пулис дар шаҳри Владивосток як гуруҳеро боздошт карданд, ки ба додани санадҳои қалбакӣ барои муҳоҷирон машғул буданд. Дафтари матбуоти ВКД гуфт, гумонбарон ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои қалбакии сабти ном дар меҳмонхона ва хобгоҳҳоро медодаанд. Вале муҳоҷирон дар асл дар ин маконҳо зиндагӣ намекарданд.

Муфаттишон муайян карданд, ки дар варақаҳои огоҳинома барои бақайдгирии муҳоҷират, дар бораи ҷойи зист маълумоти бардурӯғ ворид карда шудааст. Ба гуфтаи пулис, муттаҳамон ду сол боз ба ин кор машғул буданд. Дар ин муддат онҳо ба беш аз даҳ ҳазор муҳоҷир “хидмат” расонида, ҳудуди 25 миллион рубл даромад гирифтанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, зимни кофтуков аз манзили гумонбарон таҷҳизоти компютерӣ, сим-кортҳо, флеш корт, муҳр, кортҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар далелҳои шаъйӣ ёфт шуд.

Ба гуфтаи Ирина Волк, раиси ин ширкат ва ду шарики ӯ боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Сабти ҷойи зист як дардисар барои муҳоҷирон аст ва дар гузашта борҳо барои ин масъала муҳоҷиронро ҷарима ё аз Русия ихроҷ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз муҳоҷирон даъват мекунанд, ки ба ҳеч ваҷҳ барои дарёфти санадҳо ба миёнаравҳо муроҷиат накунанд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, ҳар ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти расмӣ дода нашудааст, тақаллубӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG