Баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2008, ишғоли Қрим ва пандемияи COVID-19 ҳоло бори чорум аст, ки шумори муҳоҷирон дар Русия кам мешавад.
Оҷонсии омори Росстат гуфт, соли 2023 ба Русия 560 ҳазор нафар сафар кардааст ва ин 23 дарсад камтар назар ба соли аввали ҷанги Русия алайҳи Украина будааст.
Он замон шумори муҳоҷирон 730 ҳазор нафар дар як солро ташкил додааст. Сеяки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, 10 фоиз аз Қирғизистон, 9-фоизӣ аз Украина, Арманистон, Қазоқистон ва 4 фоиз аз Узбекистон будаанд.
Каме беш аз нисфи муҳоҷирони корӣ ё 55 %-ро мардон ва 45 фоизашонро занон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо ё 76 фоизашон синнусоли корӣ доранд ва сеякашон расман хабар додаанд, ки бо мақсади кор ба Русия мераванд.
Дар соли 2023 шумори бештарини муҳоҷиронро вилоятҳои Маскаву Тюмен ва Ханти-Мансийск қабул кардаанд.
Чанд ҳафта пеш, соли 2024 мақомот дар вилояти Томск ба муҳоҷирон кор дар 20 соҳа, аз ҷумла ба ҳайси ронандаи такси, соҳаи тиҷорат, хӯроки умумӣ, маориф, варзиш, муҳофизат, меҳмонхона ва дигар бахшҳоро манъ карданд.
Сомонаи «Агентство» ҳисоб кардааст, ки дар сеяки қаламрави Русия, аз ҷумла нимҷазираи ишғолшудаи Қрим барои кори муҳоҷирон маҳдудият ҷорӣ шудааст.