Русия гуфт, бесарнишинҳои украинӣ як киштиро ҳадаф қарор доданд

Киштие дар бандари "Қафқоз". Акс аз бойгонӣ

​​​​​​​Мақомот дар Русия гуфтанд, ки дар паи  як ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба киштии русӣ дастикам як нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҳаракат дар гулӯгоҳи Керч муваққатан боздошта шуд ва ҳамчунин соҳилҳои Қрим дар Севастопол мавриди ҳамла қарор гирифт.

Волии Краснодар Вениамин Кондратев дар саҳифаи Телеграмаш навишт, ки субҳи 23 июл дронҳои украинӣ як киштии мусофирбарро ҳадаф қарор дода дар соҳилҳои бандари “Кафқоз” оташ гирифт.

Бандари “Кафқоз” наздик ба гулӯгоҳи Керч ҷойгир буда, Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Азов мепайвандад ва минтақаи украинии аз ҷониби Маскав ишғолшудаи Қримро аз Русия ҷудо мекунад.