Ваъдаи мақомот: Дар 8 соли оянда ҳама бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Идораи манзилию комуналии Тоҷикистон мегӯяд, аз 10 миллион аҳолии кишвар фақат 66 дарсади онҳо ба низоми мутамарказонидашудаи об дастрасӣ доранд. Яъне фақат 6,6 миллион аҳолии кишвар метавонад аз обе, ки то дари хонаашон меояд, истифода баранд. Боқимонда 34 дарсади аҳолӣ, ки асосан дар деҳот зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд аз дигар ҷой ба хонаашон об кашонанд.