Наздики 70 дар сади гурҷиҳо Русияро кишвари душман номидаанд

Парчами Гурҷистон дар пушти дурбини назоратӣ

Дар як назарпурсӣ 69 дарсади шаҳрвандони Гурҷистон Русияро душмани кишвари худ донистаанд.

Назарпурсиро Маркази таҳқиқотии "Кавказский барометр 2024" анҷом додааст.

Зоҳиран теъдоди онҳое, ки дар Гурҷистон Русияро душмани кишвари худ медонанд, сол то сол афзоиш ёфтааст. Соли 2021 дар чунин назарпурсие 61 дарсад, дар соли 2019 49 дарсад, соли 2017 40 дарсад ва соли 2012 35 дарсад Русияро душман дониста будаанд.

Танҳо 4 дар сад Амрико ва 2 дарсад Туркияро душмани кишвари худ донистаанд.

24 дарсади пурсидашудаҳо Амрикоро дӯсти кишвари худ гуфтаанд.

Ҳудуди 26 дарсад гуфтаанд, ки Гурҷистон аслан дӯст надорад.

Назарпурсиро аз 16-уми апрел то 13-уми май дар миёни беш аз 1500 нафар аз саросари Гурҷистон анҷом дода будаанд.